Тасдиқи рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ

http://www.president.tj/node/21580

Вохӯрии Сафири бо роҳбари ширкати саудии World Luxury Group

18 декабр Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ роҳбари ширкати Маҷмуат-ул-Фахома ал-Оламийя (World Luxury Group) Аҳмад Ал Урайҷро, ки ҳамчунин роҳбари форуми байналмилалии Саудӣ доир ба саёҳати табобатӣ мебошад, ба ҳузур пазируфт. Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ривоҷи ҳамкории сайёҳию сармоягузорӣ, аз ҷумла сайёҳии табобатӣ, миёни Тоҷикистон ва Арабистони […]

Нишасти матбуотии Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ

19 ноябр Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ дар шаҳри Риёз ба муносибати солгарди 25-уми қабули Конститутсияи Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти васеъи матбуотӣ орост, ки дар он шумораи зиёди хабарнигорон ширкат варзиданд. Дипломати тоҷик доир ба дастовардҳои даврони Истиқлоли Тоҷикистон, аҳамияти ҳуқуқӣ ва таърихии  Конститутсия, ҷаҳду […]

Мулоқоти Сафир бо Амири минтақаи Қасcими Саудӣ

1 октябри соли 2019 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Амири минтақаи Қассим Шоҳзода Файсал ибни Мишъал ибни Сауд ибни Абдулазиз Оли Сауд мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ як зумра масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва ғайра баррасӣ шуд. […]

Вохӯрии Сафир бо Мудири кулли Маркази пажуҳиш ва робитаҳои маърифатӣ

19 сентябри 2019 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Мудири кулли Маркази пажӯҳиш ва робитаҳои маърифатӣ доктор Яҳё Маҳмуд ибни Ҷунайд  мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ масоили ба роҳ мондани ҳамкорӣ  дар соҳаҳои илму фарҳанг ва иттилоот баррасӣ шуда, ҷонибҳо ба танзими ҳамкории мутақобилан судманд изҳори рағбат карданд.

Табрикоти Подшоҳ ва Валиаҳди Саудӣ ба Президенти Тоҷикистон бо солгарди Рӯзи Истиқлолият

Ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд барқияи табрикӣ ворид гардид, ки дар он Подшоҳ аз номи худ, мардум ва Ҳукумати Мамлакати Арабистони Саудӣ беҳтарин табрикот ва таманниётро иброз карда, […]